ШӮРОИ КОР БО ҶАВОНОНИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН ДОИР ГАРДИД

4 феврали соли 2022 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ҷаласаи навбатии Шӯрои кор бо ҷавонони назди раиси шаҳр баргузор гардид, ки дар кори он аъзоҳои Шӯро, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раиси деҳоти “Зарҳалол”, ҷавонони фаъол ва гирандагони стипендияи раиси шаҳр ширкат варзиданд.

Шӯроро нахуст раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо регламент ва масъалаҳои баррасишавандаи он шинос намуд. Сипас, ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишварро ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва ватандӯстиву хештаншиносӣ ҳидоят намуда, чун намунаи ибрат ва пайравӣ аз дастовардҳо ва созандагиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ, мактаби роҳбарию сарварӣ, сулҳофарӣ, фаъолияти мондагору созанда, садоқат ба халқ ва фарҳангу тамаддуни миллӣ ва хидматҳои беназири ӯ дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва суботу пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдовар гардид.
Дар идома мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Ҳотамзода Аскар маърӯза намуда, роҷеъ ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва амалишавии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳр, фаъолияти бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2021, дастовардҳо ва муваффақиятҳои ҷавонони шаҳр дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла илму фарҳанг ва варзиш маълумот дод.
Аъзоёни Шӯро, аъзоёни иттифоқи ҷавонони шаҳр, аз ҷумла Мустафоев Суннатулло мушовир оид ба корҳои тарбиявии раёсати маорифи шаҳр, Дӯстмаматов Тӯлқун роҳбари Шӯрои ҷавонон дар Ҷамоати деҳоти “Нофароҷ”, Гадоев Манучеҳр роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат”, Маҳмудӣ Париноз барандаи медали нуқра дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дар соли 2021 ва ҳамзамон роҳбари маҳфили “Адибони ҷавон” дар назди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истаравшан, Насруллозода Маҳмуд аъзои филиали “Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон” дар шаҳри Истаравшан ва Ёқубов Фаридун ғолиби ҷойи ифтихорӣ дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба музокира баромада, фикру андешаҳои худро бобати боз ҳам ҷоннок намудани фаъолияти кормандони соҳа, дастгирии ҷавонони болаёқат, нашри китоби адибони ҷавони Истаравшан, тавсеа додани намудҳои мухталифи варзиш, боло бурдани ифтихори ватандорӣ ва худшиносии насли наврас ва ҷавон, пешгирии амалҳои номатлуб баён доштанд ва бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати миллӣ, оромиву осудагии кишвар миннатдории самимонаи хешро ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонони шаҳри Истаравшан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода иброз намуда, таъкид карданд, ки ҳамеша бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайравони асили Пешвои муаззами миллат хоҳанд буд ва дар рушду нумӯи кишвар саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.
Дар фарҷоми кори ҷаласа бо овоздиҳии аъзоёни Шӯро қарори дахлдор қабул гардида, раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ҷавонони болаёқат ва ғолибони озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмиллалиро бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ намуд. Ҳамзамон аъзоёни Шӯрои шаҳрӣ ва масъулини соҳаро ҷиҳати ҷоннок кардани корҳо дар самти кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр вазифагузорӣ намуда, зикр дошт, ки дастгирии ҷавонон дар меҳвари сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва ҷавонон ояндасози миллату давлат мебошанд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

              

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*