ҚАБУЛИ АРЗУ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН ВА МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ “НИҶОНӢ”

ҚАБУЛИ АРЗУ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН ВА МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ “НИҶОНӢ”
Дар фарҷоми сафари корӣ дар бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти “Ниҷонӣ” мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр бо сокинон ва фаъолон доир гардида, дар як вақт арзу муроҷиати шаҳрвандон низ қабул ва ҷиҳати баррасии ҳамаҷонибаи муроҷиатҳо масъулин муваззаф гардонида шуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр дар мулоқоти самимӣ бо сокинон ва фаъолон барои рушди минбаъдаи деҳа, вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ таклифу пешниҳодҳои мушаххас баён гардиданд.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан
  

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*