ҚАБУЛИ АРЗУ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲР

ҚАБУЛИ АРЗУ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲР

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ҳарҳафта рӯзи шанбе дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр рӯзи қабули арзу муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Истаравшан ва дар дигар рӯзҳои ҳафта аз ҷониби муовинони раиси шаҳр қабули муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон доир ба масъалаҳои мухталиф баргузор мегардад.
Субҳи 9 октябри соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қабули арзу муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода баргузор гардид. Муроҷиати маҷмӯъан 11 нафар сокинони шаҳру деҳот доир ба масъалаҳои гирифтани замини наздиҳавлигӣ, кӯмакҳои молиявӣ, гирифтани табобати ройгон, сохтмони манзил ва баҳси замини хоҷагиҳои деҳқонӣ қабул гардида, ҷиҳати баррасии ҳамаҷониба ва ҳалли саривақтии муроҷиатҳо масъулин муваззаф гардонида шуданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*