ҚАБУЛИ АРЗУ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲР

ҚАБУЛИ АРЗУ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲР

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр рӯзи қабули арзу муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Истаравшан ва дар дигар рӯзҳои ҳафта аз ҷониби муовинони раиси шаҳр қабули муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон доир ба масъалаҳои мухталиф баргузор мегардад.
Дар ин раванд субҳи 4 декабри соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қабули арзу муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода доир гардид. Дар ин рӯз маҷмӯъан 17 нафар сокинони шаҳру деҳот доир ба масъалаҳои гирифтани замини наздиҳавлигӣ, кӯмакҳои молиявӣ, ҳалли баҳсҳои оилавӣ, таъсис ва баҳси хоҷагиҳои деҳқонӣ ва мусоидат ҷиҳати таъмин шудан бо оби нӯшокӣ муроҷиат намуданд.
Раиси шаҳри Истаравшан зимни гуфтугӯи озод бо шаҳрвандон муроҷиат ва дархосту шикояти онҳоро қабул намуда, бобати ба қайд гирифтани муроҷиатҳо ва ҳалли саривақтии онҳо ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*