ҚАБУЛИ САЙЁРИ АРЗУ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН ВА БОЗДИД АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БУНГОҲИ ТИББӢ ДАР ДЕҲОТИ “ЗАРҲАЛОЛ”

Дар асоси нақшаи тасдиқгардида субҳи 5 феврали соли ҷорӣ дар бинои маъмурии ҷамоати деҳоти “Зарҳалол” раиси шаҳри Истаравшан арзу муроҷиати сокинони деҳаҳои ҷамоати мазкурро қабул намуд.

Зимни қабули шаҳрвандон сокинони деҳаҳои ҷамоат доир ба масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла таъмири роҳу пулҳо, сохтмони варзишгоҳ, муассисаи таълимӣ ва бунгоҳи тиббӣ, ҳалли баҳси қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ, гирифтани кӯмакҳои молиявӣ ва таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ муроҷиат намуданд. Дар ҷараёни қабули муроҷиатҳо ва гуфтугӯи озод бо шаҳрвандон раиси шаҳри Истаравшан бобати ҳалли саривақтии онҳо ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Раиси шаҳри Истаравшан пас аз қабули сайёри арзу муроҷиати шаҳрвандон аз рафти корҳои сохтмонии бунгоҳи тиббӣ, ки бо дастгирии сокинон ва таввасути ҳашари дастаҷамъона бунёд гардида истодааст, боздид намуда, ҷиҳати бо сифати баланд ва дар мӯҳлати муайянгардида ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дод.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан   

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*