Қабули шаҳрвандон дар ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калони аз тарафи иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода

Санаи 20 июли соли 2019шаҳри Истаравшан аз тарафи иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода  қабули шаҳрвандон сурат гирифт. Дар қабул шаҳрвандон ва сокинони ҷамоат дар масъалаҳои замин, баҳси замин, ободонии роҳҳо, бунёди синфхонаҳо барои хонандагон ва ғайра муроҷиат намуданд, ки аз тарафи Амирхон Қурбонзода як ба як мавриди баррасӣ ва ҳалли проблемаҳо қарор гирифт. Инчунин баъд аз қабули шаҳрвандон аз тарафи И.в. Раиси шаҳр Амирхон Қурбонзода бо сокинони Ҷамоат мулоқоти судманд доир карда шуд. Дар мулоқот и.в Раиси шаҳр дастуру супоришҳҳои Пешвои муаззами миллатро оид ба корҳои ободонию созандагӣ ба мардум фаҳмонида дода, даъват баамал оварда шуд, ки барои ободонии кучаҳо, манзилҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъияти баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худро гузоранд. Дар охир сокинони Ҷамоат ба и.в. раиси шаҳр Амирхон Қурбонзода миннатдории аҳли ҷамоатчигиро изҳор намуданд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*