ҲОСИЛИ ФАРОВОНИ КАРТОШКА ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

ҲОСИЛИ ФАРОВОНИ КАРТОШКА ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

Дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини амнияти озуқаворӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшедзода Ҷамшед бо ҳамроҳии сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Истаравшан полковник Одиназода Фирӯз аз ҷамъоварии ҳосили картошка дар хоҷагии ёрирасони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Истаравшан дидан намуданд.
Соли равон кормандони шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан дар майдони 1,7 га замини хоҷагии ёрирасон картошка кишт намуда, ҳосили фаровон ба даст оварданд. Заҳмати пайваста ва истифодаи роҳу усулҳои муосири парвариш ба нашъунамои хуби зироат замина гузошта, ҳосили дар кишти якум ба дастоварда ҳавасмандии кормандонро ба миён овард.
Тавре аснои боздид иттилоъ дода шуд, заминҳои ҳудуди хоҷагии мазкур обёрӣ карда шуда, дар баробари бонавбат сафарбар шудани ҳайати шахсӣ ба парвариш ва нигоҳубини маҳсулот, ҳамзамон як нафар сокини маҳаллӣ ба таври доимӣ ба корҳои хоҷагидорӣ ҷалб карда шудааст. Ҳосили ҷамъоваришуда аз заминҳои хоҷагии ёрирасон дар самти таъмини кормандони мақомот бо маҳсулоти ниёзи аввал равона карда мешавад.
Дар ин рӯз баҳри болидахотирии кормандони сохтори мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дастурхони идона ороста шуд.
Мавриди зикр аст, ки баҳри амалӣ гардонидани яке аз стратегияҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Таъмини амнияти озуқавории мамлакат” соли ҷорӣ аз тарафи кишоварзони шаҳри Истаравшан дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба майдони 3036 га кишти картошка гузаронида шуда, то ба имруз 1922 га майдони кишти картошка ҷамъоварӣ гардида, аз он 41517 тонна ҳосили картошка гирифтанд.
Ҷамъоварии ҳосили картошка идома дорад.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

  

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*