ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОД ОИД БА ОМОДАГӢ БА БАРГУЗОРИИ ФОРУМИ МИНТАҚАВИИ СОҲИБКОРОНУ САРМОЯГУЗОРОН ДОИР ГАРДИД

Субҳи 24 марти соли ҷорӣ таҳти роҳбарии раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ҷаласаи навбатии ситод оид ба баргузории Форуми минтақавии соҳибкорону сармоягузорон доир гардид.

Таъкид карда шуд, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии рушди сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 2 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Истаравшан нахустин Форуми минтақавии соҳибкорон ва сармоягузорони кишвар баргузор мегардад.
Дар тадбири мазкур иштироки намояндагони тамоми ҷумҳурӣ дар назар буда, дар доираи баргузорӣ муаррифии якчанд лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва баимзорасонии созишномаҳои ҳамкорӣ дар назар аст.
Бинобар ин, рафти корҳои омодагӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати тақвияти корҳои омодабошӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамзамон, зимни баргузории ҷаласаи мазкур масъалаҳои рафти иҷрои нақшаи андоз, бунёди корхонаҳои саноатӣ, ҷараёни корҳои саҳроӣ, аз ҷумла ниҳолшинониву кишти картошка, масъалаи даъвати баҳорӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ва дигар масъалаҳои дахлдор муҳокима гардида, дар назди масъулон вазифагузорӣ карда шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

   

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*