ҶАРАЁНИ ОМОДАГИҲО БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ НАВАСКАРОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРРАСӢ ГАРДИД

3 феврали соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бо иштироки роҳбарияти шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, кумитаҳои маҳалла, кормандони комиссариати ҳарбии шаҳр, роҳбарияти шуъбаи ВКД, ТҶММ, намояндагони соҳаи тандурустӣ, маориф, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, САҲШ, роҳбарити ташкилотҳои ҷамъиятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ҲХДТ, Шурои ҷамъиятӣ, собиқадорони меҳнат ва дигар шахсони масъул ҷаласаи васеи Ситоди шаҳрӣ оид ба омодагиҳо ба даъвати баҳории наваскарон ба Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар кори Ситоди шаҳрӣ муовини Раиси вилояти Суғд, Раиси комиссияи даъвати вилоятӣ Зоҳидзода Даврон Абдуқодир иштирок намуд.
Ҷаласаи Ситодро раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки мавсими даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ аз чорабиниҳои муҳими сиёсию ташкилӣ маҳсуб ёфта, барои саривақт иҷро кардани нақшаи пешбинишуда, ҷалби ҷавонон ба адои хизмати ҳарбӣ, ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии ҷавонон, дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани онҳо аз ҳар яки дар толор ҳузурдоштагон вобастагӣ дорад.
Дар идома, барои таҳлили иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ ҳисоботи Раиси комиссияи даъвати шаҳрӣ Абдусаттор Қодирӣ ва комиссари шаҳр, полковник Давронзода Сулаймон шунида шуд.
Зимни муҳокимаи масъала аз ҷониби муовини Раиси вилояти Суғд, Раиси комиссияи даъвати вилоятӣ Зоҳидзода Даврон Абдуқодир роҳбарияти комиссариати ҳарбӣ, ҳайати комиссияи тиббӣ, роҳбарияти ТҶММ, раисон ва масъулини мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои деҳот, кумитаҳои маҳалла пурсиш ба амал оварда шуда, дар назди масъулини шаҳр вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Аз ҷумла, муовини Раиси вилояти Суғд Зоҳидзода Даврон таъкид намуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода оид ба даъвати баҳорӣ ҳамаи масъулинро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи шаҳр барои саривақт ва босифат иҷро кардани нақшаи даъвати наваскарон тамоми ҷораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Ҷаласаи Ситодро раиси шаҳри Истаравашан ҷамъбаст намуда, вобаста ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Дафтари матбуотии раиси шаҳри Истаравшан

   

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*