ҶОИЗАИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН ДАР СОҲАИ МАОРИФ ТАЪСИС ЁФТ

Дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми навбатӣ ироагардида бо мақсади дастгирии соҳаи маориф, аз ҷумла ҳавасмандгардонии омузгорон бо қарори раиси шаҳри Истаравшан аз 9 феврали соли 2022 Ҷоизаи раиси шаҳри Истаравшан дар соҳаи маориф таъсис дода шуд.

Тибқи Низомномаи тасдиқшуда ҳаҷми як Ҷоиза ба 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ баробар буда, дар ду сол як маротиба ба 5 нафар (50000 сомонӣ) омузгорони пешсафу навовар, соҳибтаҷрибаю соҳибмактаб ва онҳое, ки шогирдонашон дар озмуну олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ натиҷаҳои назаррасро соҳиб мегарданд, супорида мешавад.

Гирандагони Ҷоиза дар асоси пешниҳоди номзадҳо аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ ва ҳайати омузгорон, ки Низмонома ҷузъияташро муқаррар кардааст, аз тарафи Комиссияи босалоҳият муайян карда мешаванд. Ҳайати Комиссияро раиси шаҳр тасдиқ менамояд.

Тибқи қарори имзогардида соли 2022 нахустин ҷоизадорони раиси шаҳр дар соҳаи маориф муайян ва дар арафаи соли нави таҳсил, ки дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд супорида мешаванд ва минбаъд дар ду сол як маротиба озмун барои Ҷоиза баргузор карда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 2006, №1698 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф таъсис ёфта, иқдоми болозикр низ аз фармони мазкур сарчашма мегирад.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*