Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати муовини раиси шаҳр Н. Наимҷонзода ҷаласа оид ба пешгирии ҳолатҳои никоҳи хешу таборӣ, сӯиқасд ба ҷони худ ва хушунат дар оила бо иштироки муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пириев Ҷамолиддин Сафарович доир шуд.

Ҷаласаи мазкур бо иштироки намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд ва шаҳри Истаравшан, имомхатибони масҷидҳо, САҲШ ва васоити ахбори омма баргузор шуд.

Зимни суханронии худ Пириев Ҷамолиддин иброз дошт, ки аз моҳи июли соли 2016  дар Тоҷикистон никоҳи хешу таборӣ қонунан манъ  карда шуда, муоинаи тиббӣ барои ҷавононе, ки издивоҷ мекунанд, ҳатмӣ гардидааст.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 26 ҳазор кӯдакони маъюб ба қайд гирифта шудаанд, ки 35% онҳо   аз никоҳи  хешутаборӣ ва то 20% бар асари бемориҳои сироятӣ ба дунё омадаанд. Коршиносон яке аз омилҳои асосии дар ҷомеаи суннатии кишвар бештар маъмул гардидани никоҳи хешутабориро  тӯли солҳои охир дар бегона нагардидани боигарию сарвати хонаводаҳои хешу табори наздик   арзёбӣ менамоянд, ки он оқибатҳои манфӣ ба бор меорад.

Ҳамзамон аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаштани ҷавонон қабл аз хонадоршавӣ ба солим нигоҳ доштани генофонди миллат рабт дорад, зеро бархе аз ҷавонон, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва  баъди бозгашт ба ватан онҳо оила барпо менамоянд, дар бисёр мавридҳо  қисме аз онҳо мубталои бемориҳои  сироятӣ мебошанд, ки оилаашонро сироят намуда, дар натиҷа кӯдаки носолим ба дунё меояд.
Бемории генетикӣ бемории наслӣ буда, дар ҳолати издивоҷи хонаводагӣ метавонад боиси таваллуди тифли носолим гардад. Ҳамин тариқ, издивоҷи хонаводагӣ метавонад ҳатто боиси дар оянда аз байн рафтани як сулолаи солим гардад.

Худкушӣ низ аз падидаҳои номатлубе ба ҳисоб меравад, ки имрӯз дар ҷомеа ба чашм мерасад.
Мутаассифона, соли 2019 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои худкушӣ нисбати соли гузашта зиёд шудааст. Агар дар дунё дар як сол 1млн. 100ҳазор одам даст ба худкушӣ зада бошад, дар мамлакати мо дар соли 2019 теъдоди 632 нафарро дар бар мегирад, ки нисбати соли 2018 – 51 ҳолат зиёда аст.
Сатҳи баланди ҳолатҳои худкушӣ дар миёни занони ҷавони тоҷик, аз ҷумла дар деҳот дер боз нигарониро дар ҷомеъа ба бор овардааст.
Ҷомеа бояд бо ҳар роҳ садди зиёдгардии ин падида гардад.

Ҳамчунин дар рафти ҷаласа аз
ҷониби роҳбари раёсати Иттиҳодияҳои динии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Ҳусейн Шокиров оиди пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ тавсияҳои судманд дода шуд.

Намояндаи дигари Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлонов Абдураҳмон оиди пешгирии хариду фурӯши одамон суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба зуҳуроти номатлуб ва нанговари савдои инсон чораҳои зиёде андешида шуда, ҷиҳати пешгирии он ва ҳолатҳои ба он мусоидаткунанда мубориза бурда мешавад. Қабул ва амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» низ аз ҷумлаи чунин тадбирҳост. Дар ин замина ба таври доимӣ муколамаҳои зиёде роҷеъ ба муқовимат бо савдои одамон бо иштироки масъулини вазорату идораҳо ва созмонҳои гуногун дар ҳамкорӣ бо Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо доир гардиданд. Ҳадафи ташкили чунин муколамаҳо расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ва пешгирии ин гуна зуҳурот ба шумор меравад.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*