Ярмаркаи “Ҷойҳои холии корӣ” дар шаҳри Истаравшан

Ярмаркаи “Ҷойҳои холии корӣ” дар шаҳри Истаравшан
Бо мақсади ба тариқи квота бо кор таъмин намудани шаҳрвандоне, ки дар бозори меҳнат рақобатпазир нестанд ва барои пайдо кардани ҷойи корӣ душворӣ мекашанд 19 феврали соли 2021 бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан дар доираи ҳамкориҳо бо Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод дар ширкатҳои саҳҳомиву корхонаҳои саноатӣ гузаронида шуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар маҷмуъ аз ҷониби 22 корхонаву муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои саҳҳомӣ дар соҳаи саноат 156 адад ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод пешниҳод карда шуда, дар натиҷа ба 11 нафар муҳоҷирони бозгашта ба Ватан роҳхат ба ҷойи кор дода шуд. Ҳамзамон 6 нафар духтарон ба гуруҳи қаннодӣ ва 4 нафар мардон ба гуруҳи кафшергари газу барқ номнавис карда шуданд.
 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*