Гули сурх

ШИНОСНОМАИ
ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ «ГУЛИ СУРХ» – И ШАҲРИ
ИСТАРАВШАН ВИЛОЯТИ СУҒД

Ҷамоати деҳоти «Гули Сурх» соли 1930 ташкил шудааст. Масоҳати Ҷамоат 76,910 м.кв мебошад, шумораи аҳолии Ҷамоат ба 01.01.2017 сол 44712нафарро ташкил медиҳад.

Аз он ҷумла Мардҳо 22579
Занҳо 22133 нафар мебошад.

Шумораи аҳолии аз рӯи таҳсилот «Таҳсилоти олӣ 1489 нафар, таҳсилоти миёнаи касби (техникум) 1956 нафар, таҳсилоти миёнаи умумӣ 7821 нафар, асоси 9 сола 3616 бе дараҷаи маълумот 79 нафар мебошад.
Қобили меҳнат 17123 нафар аз он ҷумла кор мекунанд 5110нафар, муваққатан бекорон 6210 нафар, нафақахӯрон 2984 нафар мебошанд.

Миллатҳо:
Тоҷикон 40138 нафар – 83 %
Ӯзбекон 4524 нафар – 16,7 %
Русҳо 50 нафар 0,3 % истиқомат мекунанд.

КИШОВАРЗӢ

Дар ҳудуди Ҷамоати деҳот заминҳои таъиноти кишоварзи 8319 гаро ташкил медиҳад.
Хоҷагии деҳқонии Ҷамоати деҳот асосан ба боғу токпарварӣ, пиллапарварӣ. машғул мебошад.
Майдони боғу токзор 1072,3 га, тутзор 50,4 га буда 2376 га замини корам дар истифодаи кишоварзон мебошад,ки 546,8 гаро заминҳои обёришаванда ва 1829,2 гаро заминҳои лалми ташкил медиҳад.
Дар қаламрави Ҷамоати деҳот 1022 хоҷагиҳои деҳқонии колективи, оилави ва инфироди амал мекунад.
Хоҷагии деҳқони ба нақша гирифтаанд,ки дар соли 2017 ба майдони 1990 га кишти ғалладонагиҳо ба майдони 110 га зироатҳои равғандеҳ,
25 га картошка, 6 га полезиҳо ва ба майдони 120 га зироати хӯроки чорво кишт мекунанд.
40 – қутти тухми кирмакро парвариш намуда ба давлат бештар аз 2000 кг пиллаи хушсифат месупоранд.
Инчунин ба майдони 12 га боғу токи нав бунёд мекунанд ва ба майдони 55га кишти такрори гузаронида мешавад.

АЛОҚА

Дар Ҷамоати деҳот нуқтаи радио 686 , шӯъбаҳои алоқа 1 нуқта шумораи коргарон ва хизматчиёни алоқа 1 нафар, музди миёнаи меҳнат 580 сомонӣ мебошад

МАОРИФ

Дар ҳудуди Ҷамоат муассисаҳои таҳсилоти ибтидои касби нест,муассисаи таҳсилотии миёнаи умуми 11 адад.
Аз он ҷумла шумораи умумии хонандагон 7699 шумораиомӯзгорон 415 нафар.
Аз он ҷумла бо маълумоти оли 352 нафар, бо маълумоти миёни махсус 53 нафар, эҳтиёҷманд ба омӯзгорон 35 нафар, музди миёнаи меҳнат 580 сомони мебошад.

ФАРҲАНГ

Дар ҳудуди Ҷамоати деҳот хонаи фарҳанг 1 адад, китобхона 4 адад, фонди китобҳо 19726 адад, мактабҳои мусиқӣ нест, шумораи коргарону хизматчиёни соҳа 5 нафар, музди миёнаи меҳнат 530 сомонӣ.

ТАНДУРУСТӢ

Дар Ҷамоат шумораи хонаи саломати 5 адад, шумораи марказҳои саломати 3 адад, шумораи кормандони соҳаи тиб 44 нафар, ба 44712 аҳоли хизмати тибби мерасонанд. Аз онҳо 31 нафарашон маълумоти миёнаи махсус мебошад, маълумоти олидор7 нафар мебошанд.
Дар ҳудуди Ҷамоати деҳот 45 адад нуқтаҳои дорухона мавҷуд мебошад.
ВАРЗИШ
Дар ҳудуди Ҷамоати деҳот варзишгоҳ 13 адад майдончаҳои волейбол 8 адад, баскетбол 9 адад, дар назди МТМУ- ҳо фаъолият доранд.

Дар Ҷамоати деҳот шахсони барӯманд 16 нафар мебошанд.

1. Азимов Карим -депутати совети Олии СИШ
2. Додоева Саломат -корманди шоистаи Ҷумҳурӣ
3. Шодиев Ҳаким -депутати совети Оли Тоҷикистон.
4. Бобоев Ҷура -боғбони хизматнишондода.
5. Шарипов Қобилҷон -депутати вилоятӣ.
6. Ҳомидов Аъзам -аълочии маорифи халқ.
7. Комилова Муазама -пиллапарвар.
8. Максудов Исо -аълочии маорифи халқ
9. Усмонов Болтақул -ветерани меҳнат.
10. Олимов Мусоҷон -соҳибкор.
11. Қобилов Додо -депутати вилоятӣ.
12. Ҷумаев Ҳотам -раиси ҷанговарони байналмилал.
13. Гадойбоев Шариф -депутати вилоятӣ.
14. Шаҳобов Мирзо –собиқадор.
15. Воҳидов Толиб –собиқадор.
16. Аъзамқулов Ҳотам –собиқадор.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи таъсиси бахши танзиму анъанаҳо ва ҷашну маросимҳо.
Қарори раиси Ҷамоати деҳоти Гули сурх аз 15феврали соли 2016 №11 21 нафар аъзо ва як нафар сармутахассис оид ба танзим ва ҷашну маросимҳо дар Ҷамоат ташкил карда шуд, 388 никоҳ ва 148 хатнасур, 131 маросими вафот, 62 маросими чил, 11 маросими сол гузаронида шуд.

МАСЧИДХОИ ЧОМЕЪ :

Мавлоио Усмонӣ Чархи -имом хатиб Файзуллоев Аҳлиддин.
Масчиди ҷомеъ Сари Мазор -имом хатиб Асхобов Ғайбулло Ибодуллоевич.
Масчиди ҷомеъ Боботағои Вали -имомхатиб Восидов Мустафоқул.
МАСЧИДҲОИ ПАНҶВАҚТА БО ИМОМХАТИБОН:
1. Тапқоқ – Сунатуллоев X.
2. Боғикалон – Пӯлотов Тошхӯҷа.
3. Сахсиён – Муллоев Носирҷон.
4. Равғангарои – Ҳакимов Носирҷон
5. Тошбек – Темуров Акобир.
6. Шонатарошон – Бақоев Фирдавс
7. Маҳаллаи Ясӣ-1 – Ҷумаев Комил.
8. Маҳаллаи Ясӣ-2 –Каримов Худойбердӣ
9. Санаторияи 1-2 Худойшукуров Қаҳорбердӣ
10. Санаторияи 3 – Олимов Махсуд.
11. Сари санг -Сиддиқов Шукрулло.
12. Боботағо-2 – Ҳабибуллоев Насрулло.
13. Зарнисор – Мазбутов Хуршед.

Вакил ба Маҷлиси вакилони халқии вилояти Суғд Қобилов Обид.
Вакилон ба Маҷлиси вакилони халқии шаҳри Истаравшан.

1. Қодиров Абдусаттор.
2. Маҳмудов Абдуқаҳҳор.
3. Раҳимов Ҳалим.
4. Қосимов Маҳмуд

Даъвати баҳори ва тирамоҳи мувофиқ Ҷамоат нақша 46 нафар, иҷроиш 100% ҷавонписарон ба хизмати артиши милли сафарбар карда шудаанд.
Дар Ҷамоат ва ҳудуди он аз кор аз рӯи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва дигар санаду меьёрхои ҳукуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Дар давоми соли 2016 дар ҳудуди Ҷамоати деҳот 17 адад қонуншикани ва ҷиноят аз тарафи шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст.