ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

21 феврали соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан тибқи нақшаи тасдиқкардаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд чорабинии идона ба муносибати рӯзи таъсисебии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар чорабинӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода, роҳбарони мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, муовинони раиси шаҳр, афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ, комиссариати ҳарбӣ, кормандони ШВКД ҶТ дар шаҳри Истаравшан ва собиқадорони соҳа ширкат варзиданд.

Чорабинӣ бо даровардани Парчами давлатӣ ба толор ва садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, нахуст раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода баромад кард ва ҳозиринро бо Рӯзи Артиши миллӣ шодбош гуфт ва аз таърихи таъсисебӣ, раванди рушду такомул ва мавқеи кунунии Қувваҳои мусаллаҳ хотиррасон шуд.

Сипас, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода паеми шодбошии Раиси вилоятро ба аҳли толор расонид.

Дар вазъияти тантанавӣ пешсафони Комиссариати ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ ва намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ бо медалҳои ҷашнии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипосномаю туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан қадршиносӣ гардиданд.

Дар фарҷом барномаи омоданамудаи ҳунармандони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан манзури иштирокдорон гардонида шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*