ҲАМОВОЗИИ ҶАВОНОНУ ВАРЗИШГАРОНИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН АЗ ПЕШНИҲОДИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

Субҳи 23 феврали соли ҷорӣ бо баргузории роҳпаймоии осоишта ҷавонону варзишгарони шаҳри Истаравшан ҳамовозии хешро аз пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассосиатсияи футболи Осиеи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Созмони Милали Муттаҳид оид ба қабули Қатъномаи махсуси Маҷмааи умумии СММ ҷиҳати эълон кардани “Рӯзи ҷаҳонии футбол” иброз карданд.

Нахуст, ҳазорҳо нафар ҷавонону варзишгарон, аз ҷумла ҳайати дастаи футболи “Истаравшан”, аъзо ва ҷонибдорони “ФАНКЛУБ”-и дастаи футболи шаҳр, собиқадорони соҳаи варзиш бо бардоштани шиору овезаҳо, расмҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавассути хиебони Исмоили Сомонии шаҳр роҳпаймоӣ доир намуда, дар майдони “Нишони давлатӣ” ҷамъ омаданд.

Бо садо додани Суруди миллӣ ҳамоиш оғоз гардид.

Сипас, раиси шаҳри Истаравшан, роҳбари Федератсияи футболи шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода назди иштирокчиени ҳамоиш баромад карда, ҳамовозии ҷавонону варзишгарони шаҳри Истаравшанро аз пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассосиатсияи футболи Осиеи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Созмони Милали Муттаҳид оид ба қабули Қатъномаи махсуси Маҷмааи умумии СММ ҷиҳати эълон кардани “Рӯзи ҷаҳонии футбол” қобили дастгирӣ арзебӣ намуд.

Таъкид гардид, ки пешниҳоди болозикр саривақтӣ ва хусусияти умумиҷаҳонӣ дошта, барои рушди минбаъдаи футбол дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон мусоидат хоҳад кард.

Дар ин замина оид ба рушди футбол дар шаҳри Истаравшан ва ташкили шароити мусоид барои дастаи футболи “Истаравшан” ба ҳозирин маълумот дода шуд.

Ҳамоиш бо пешниҳоди суруду оҳангҳои ватандӯстона ҷамъбаст гарид.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*