Нофароҷ

ШИНОСНОМАИ
ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ НОФАРОҶ
ШАҲРИ ИСТАРАВШАН БА 01 ЯНВАРИ СОЛИ 2017

Ҷамоати деҳоти Нофароҷ дар асоси Қарори комиҷроияи депутатҳои меҳнаткашони шаҳри Ўротеппа аз 27-апрели соли 1977 таҳти №198 ташкил шудааст.
Масоҳати умумии ҷамоати деҳот 11,7 ҳазор км.м-ро ташкил медиҳад.
Шумораи аҳолии ҷамоат ба 01.01.2017 11509 нафар буда аз он ҷумла: мардҳо – 5739 нафар, занҳо -5770 нафар мебошад.
Шумораи аҳоли аз рўи таҳсилот : таҳсилоти олӣ – 325 нафар, таҳсилоти миёнаи касбӣ -275 нафар , таҳсилоти миёнаи умумӣ – 8581 нафар, асосӣ (9 сола)- 933 нафар, бе дараҷаи маълумот-85 нафарро ташкил медиҳад.
Шумораи аҳолии қобили меҳнат дошта – 6278 нафар, аз он кор мекунад- 4684 нафар, мувақатан бекорон-1505 нафар,нафақахўрон-760 нафар.Аз ҷиҳати этникӣ аҳолиро тоҷикон-6613 нафар 61%, ўзбекон -4596 нафар 39% дигар миллатҳо зиндагӣ намекунад.
Ҷамоати деҳоти Нофароҷ минтақаи аграрӣ буда, кишоварзӣ соҳаи асосии пешбурди иқтисодиёт мебошад.

Кишоварзӣ

Дар ҳудуди ҷамоат ҳамаги 10524,11 га заминҳои кишоварзӣ мавҷуд буда, аз он 1288,1га заминҳои корами обӣ мебошад ва мувофиқи намудҳои замин чунин аст:
-замини корам 2945,0га, аз он ҷумла 905,5 га обӣ
-дарахтони бисёрсола 211,7 га аз он ҷумла 210,1 га обӣ
-заминҳои чарогоҳ 5174,6 га
-ҳамагӣ заминҳои кишоварзӣ 8331,7 га, аз он ҷумла 1116,1 га обӣ
-заминҳои наздиҳавлигӣ 579,0 га аз он ҷумла 113,0 га обӣ
-ҷангалу бешазор 292,0 га, аз он ҷумла 0,32 га обӣ
-заминҳои зери об 139,6 га
-замини зери роҳ 87,76 га
-заминҳои зери иморат 253,23 га
-дигар заминҳо 564,0 га
-Майдони умумии заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон 325,0 га аз он 59,0 га корами обӣ мебошад.
Ҳоло дар ҷамоати деҳот ба ҳолати 01.01.2017 сол 462 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ мавҷуд буда, дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд ва қарори Раиси шаҳр 34 адад хоҷагиҳои калонҳаҷм мариди таҷдид қарор дода шуда, дар заминаи онҳо то имрўз 583 адад хоҷагиҳои деҳқонии оилавӣ инфиродӣ ташкил карда шуд. Ба ғай аз ин дар ҳудуди Ҷамоат 8-адад хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ фаъолият мебаранд. Дар соли 2015кишоварзони ҷамоати деҳот ба 2633,2 га. кишти ғалладонаги ки аз он 778,2 га. дар заминҳои оби мебошад. Ба майдони 145,43 га картошка, 22,17га. сабзовот, 99,49 га. зироатҳои техники, 8га.ҷуворимакка барои силос 43,2 гузаронида шуд. Дар соли 2016 8га. боғи нав бунёд шуда аз 68 га замин ҳосили такрори рўёнида шуд. Мувофиқи хоҷаниҳои деҳоқонии ҷамоат 537 сар моли калони шохдор. Аз он 163 сар модагов, 95 сар моли майда, 30 сар асп мавҷуд аст. Музди меҳнати миёнаи кормандони соҳа 250 сомониро ташкил медиҳад.
Роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта -6км, маҳаллӣ-29,2км буда танҳо 12,7 км роҳ мумфарш карда шудааст.Дар ҷамоат 4 пул мавҷуд буда ҳамаи онҳо дар ҳолати садамави қарор дорад.

АЛОҚА ВА ХИЗМАТРАСОНИ

Соҳаи алоқаи ҷамоати деҳоти Нофароҷ дар расонидани хизмати алоқаи барқи, аз қабили алоқаи телефонии байни шаҳрӣ ва байналхалқӣ, хизмати алоқаи телеграфиӣ мавҷуд намебошад.Мардуми ҷамоат аз шабақаҳои мобилии «Тселл», «Вавилон», «МЛТ», «Билайн» истифода мебарад. Дар ҳудуди ҷ\д Нофароҷ барномаҳои телевизионии ҷумҳуриявӣ аз ҷумла «Шабакаи аввал», «Сафина», «Ҷаҳоннамо» , «Баҳористон» ,Телевизиони Суғд ва «Синамо» қисман пахш мегардад.
Ба аҳолии ҷамоат як «Муассисаи обтаъминкунии деҳот»-и шаҳри Истаравшан хизмат мерасонад, ки масоҳати умумии хатти оби нўшокиаш 29 км 160 м буда 5 – нафар коргарон хизмат мерасонад.Музди миёнаи меҳнати онҳо 400 сомонӣ.
Шумораи нуқтаҳои хизматрасонӣ дар ҷамоат 28 ададро ташкил медиҳад ,ки аз он: 2- сартарошхона, 3- қассобхона ва 10- мағозахо, 11 осиёби барқӣ, 5 нуқтаи фурўши маҳсулотҳои нафтӣ мебошад.

МАОРИФ

Дар миқёси ҷамоат 7 – адад мактабҳои таҳсилоти умуми фаъолият намуда дар онҳо барои 2576 нафар хонандагон 192 нафар омўзгорон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки 130- нафари онҳо дорои маълумоти олӣ мебошанд. Дар ҷамоат 2-адад муассисаи томактаби вуҷуд дорад.

ФАРҲАНГ

Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нофароҷ 2- адад клуб бо ҷои нишасти умумиаш 500 ҷой, 2- китобхона бо фонди 6150 адад китоб фаъолият мебарад. Музди миёнаи меҳнати онҳо 350 сомониро ташкил медиҳад.

ТАНДУРУСТИ

Дар ҷамоат 1 беморхонаи ноҳияви, як маркази саломати, 3 бунгоҳи тибби, 1 дорухона ба аҳолии ҷамоат хизмати тибби мерасонад. Таъминоти аҳоли бо духтурон ( ба 11209аҳолӣ ) 7 нафар. Таъмин будани аҳоли бо кормандони миёнаи тибби ( ба 10875 аҳолӣ) 46 нафар. Таъминоти аҳоли бо катҳо (ба 11209 аҳолӣ) 40 адад. Музди миёнаи кормандони соҳа 550 сомониро ташкил медиҳад.

ВАРЗИШ

Дар худуди ҷамоат 2 толори варзиши, 10 майдони варзишӣ фаъолият бурда истодааст. Ягон ҳавзи шиновари ва сексияҳои варзиши вуҷуд надоранд.

МАЪЛУМОТ ОИДИ КОРМАДОНИ ЧАМОАТ

Махсатов Рузибой Камолиддинович- Раиси чамоат
Ҳошимов Сафарбой Тошбоевич-Сармутахассис оид ба корхои дини чамоат.
Ғафуров Насрулло Рахматуллоевич-Мухандис заминсози чамоат.
Бобоев Аликул Туракулович-Сармухосиби чамоат.
Кодиров Кобилчон Косимович-Нозири мизи бакайдгирии харбии чамоат.
Давлатов Хаитбой Хасанович-мутахассиси пешбари чамоат. Ёқубов Умар Додобоевич-андозбанди чамоат.
Маъруфов Сафарбой-коргузори чамоат.
Давлатов Абдураҳмон Ҷалилович-мутахассиси омор
Дар чамоати дехот шахсони баруманд:
1. Фармонқулов Абдуназар-дорандаи ҳар се дараҷаи ордени «Шараф»
2. Ҷўраев Саттор-собиқ раиси Ҷамоати деҳоти Нофароҷ
3. Маллабоева Ҳоҷалой- собиқ раиси Ҷамоати деҳоти Нофароҷ .
4. Мақсадов Ҷалолиддин-собиқ раиси Ҷамоати деҳоти Нофароҷ
5. Ғайрат Ҳаким- аъзои иттифоки нависандагони Чумхурии Точикистон муалифи китобҳои аз қабили «Вохўрӣ дар роҳ», «Муждаи Сир», «Садоқат», «Гирдоб», «Роҳи сафед», «Интиқом», «Тирамоҳи вопасин», Романи сегонаи «Ахтари рахшон» ва ғайраҳо.
6. Маманазаров Мирзоназар– иштирокчии ҶБВ.
7. Ҳакимов Ҳайидбой- иштирокчии ҶБВ.
8. Холов Рўзибой- иштирокчии ҶБВ.
9. Орифов Абдурауф- нафақахўр аълочии маориф.

Дар бораи фаъолияти комиссияи танзими расму оин.
Комиссияи танзими анъана ва чашну маросимхои чамоати дехоти Нофароҷ фаъолият менамояд.
Тую маросимхо зери назорати комиссия доимии ҷамоати деҳот қарор дорад. Тую маросимҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» барпо мегардад.
Дар соли 2016 туйи суннати – 56 адад,туйи арусию домоди – 132 адад гузаронида шуд.
Оиди вазъи кор доир ба сабти асноди ҳолати шахрвандии Чамоати дехоти «Нофароҷ» дар асоси Қонуни Ҷумхурии Точикистон «Дар бораи бакайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандон» ва Кодекси Оилаи Чумҳурии Точикистон амали менамояд.
Сабти асноди холати шахрванди бо шахсони рузгордида марказхои саломати алокаи зич доранд ва ҳамкори менамоянд.
Дар давоми соли 2016 – 132 чуфт навхонадорон, 348 нафар кудакони навзод, 39 нафар фавтидагон ба қайд гирифта шуданд.
Бучети чамоати дехот дар соли 2016 оид ба кисми даромад 113294 сомони, ки аз тарафи раёсати молияи шахри Истаравшан муайян гардидааст тасдик карда шудааст:

Дар чамоат ХХДТ, ҲКТ фаъолият доранд.
Матбуоти даврӣ: Дар соли 2017 сокинони чамоат ба чунин рузномаю мачалахо обуна шуданд:
Чумхурият 20 нусха
Садои Мардум 22 нусха
Минбари халк 19 нусха
Сухани халк 9 нусха
Хакикати Сугд 17 нусха
Сугд хакикати 8 нусха
Чавонони Точикистон 10 нусха
Бонувони Точикистон 5 нусха
Паёми Истаравшан 74 нусха
Захматкаш 14 нусха
Нохид 5 нусха
Рисқофарин 19 нусха
Согдийская правда 2 нусха
Халқ овози 3 нусха
Ваҳдат 2 нусха
Шўълаи умед 2 нусха
Корвони умед 2 нусха
Ганҷи ороста 4 нусха

Дар ҷамоати деҳоти Нофароҷ барои риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» комиссияи доимии Ҷамоати деҳоти Нофароҷ танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва комиссияи ҷамъиятии оиди тақсимоти замиҳои наздиҳавлигӣ ташкил карда шудааст.
Буҷети ҷамоати деҳоти Нофароҷ барои соли 2017 135039=00 сомонӣ ва иҷроиши он дар соли 2015 113319=44 сомониро ташкил миедиҳад.
Дар соли 2016 дар ҳудуди ҷамоат шумораи қайди ақди никоҳ 87 адад, таваллуд-331, вафот-40 ба қайд гирифта шудааст.
Дар соли 2016 аз ҷамоати деҳоти Нофароҷ 871 нафар шаҳрвандон ба муҳоҷирати меҳнати рафтаанд.
Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нофароҷ 760 нафар нафақахурон ва 203 нафар гирандагони кўмаки иҷтимои мавчуд мебошанд.
Дар ҷамоат 9 масчиди панҷвақта мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикстон «Дар бораи озодии виҷдон, ва иттҳодияҳои динӣ» фаъолият мебаранд.
1. Деҳаи Қаросақол- имом хатиб: Ўлмасов Абдусалом
2. Деҳаи Обқарчағой- имом хатиб: Абдураҳимов Маҳмадқул
3. Деҳаи Нофароҷ- имом хатиб: Ҷўраев Боборизо
4. Деҳаи Даҳяки поён- имом хатиб: Мамадалиев Толиб
5. Деҳаи Даҳяки боло- имом хатиб: Мирзоев Равшанбек
6. Деҳаи Кунҷоки тоҷик- имом хатиб: Фозилов Малик
7. Деҳаи Кунҷоки ўзбек-имом хатиб : Бақоев Ҳ.
8. Деҳаи Навобод- имом хатиб: Абдусаломов Бахтиёр
9. Деҳаи Ширинчашма- имом хатиб: Шерназаров Бекназар
Дар худуди чамоат вакилон ба мачлиси вакилони вилояти Сугд Ҳасанов Ҷамшед Салоҳиддинович, вакилон ба мачлиси халки шахрӣ Ҳакимов Ф, Ҳошимов С, вакилон ва мачлиси вакилони чамоат Давлатов Ҳ, Махсатов Р, Қобилов Ҷ, Ҳакимов Ф, Комилов О, Ҳамдамова М, Каримов Ҷ, Додоев У, Холиқназаров С, Тоштемиров С, Нарзуллоев Ф, Ҳайитбоев Н,Хидиров А , Маллабоева Ҳ, Ҳошимов С, Наврўзова М, Шамсиев Б, Холматов А интихоб гардиданд. Вакилони номбаршуда мунтазам дар хавзахои интихобшудаашон ба интихобкунандагон вохури мегузаронан ва аз фаъолияти кориашон хисобот медиханд.
Даъвати ҷавонон ба сафи Артиши Миллӣ дар ҷамоати дехот дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарби ва хизмати ҳарбӣ» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба даъват ба роҳ монда шудааст.
Нақшаи даъвати тирамоҳина ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар соли 2016 таъмин карда шудааст.
Риояи Қонун ва санаду меъёрҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоат зери назорати доимӣ мебошад.
Ҷамоати деҳот бо кормандони ШКД- ва хифзи хукук, алокаи зич дорад. Нозири минтакавӣ доимо дар байни ахолии худуди чамоат корхои фахмондадихиро мегузаронанд ва оиди риояи қонун ва тартиботи чамъиятӣ мунтазам сўҳбатҳо ташкил менамоянд.

Харитаи ҷамоати деҳоти Нофароҷ

Масштаб 1:150000