Аз коронавирус эҳтиёт бошед

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ҷиҳати пешгирии бемории коронавирус нақша-чорабинии мушаххас тартиб дода, аз рӯи он амал намуда истодааст. Дар асоси нақша-чорабинӣ гурӯҳи тарғиботӣ аз ҳисоби ҷавонон, аъзоёни созмони чамъиятии “Созандагони Ватан” таъсис дода шуд. Ҳайати гурӯҳ ба ташкилоту муассисаҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ рафта, дар бораи пешгирии бемории коронавирус ва аломатҳои пайдошавии он маълумот доданд.Ба сокинон ҷиҳати пешгирии беморӣ варақаҳои тарғиботӣ тақсим карда шуд.

Вохӯрӣ хусусан бо кормандони ҶДММ “Ноҳид”, ки имрӯз саҳми бузурги худро дар пешгирии беморӣ бо дӯхтани ниқобҳои тиббӣ гузошта истодаанд, хеле ҷолиб буд. Азбаски аксарияти кормандони коргоҳ духтарони маъюб мебошанду сухан гуфта наметавонанд, ба онҳо сурдо-тарҷумон роҳҳои пешгирии бемориро фахмонид. Ҳайати гурӯҳ ба китобхонаи марказӣ, иншоотҳои сохтмонӣ, гулгашту хиёбонҳо низ рафта, ба кормандон ва сокинони шаҳр варақаҳои тарғиботӣ тақсим намуданд.

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*