АКСИЯИ ТАШВИҚОТӢ

       Санаи 28-уми апрел баҳри пурзӯр намудани чораҳои санитарӣ дар шаҳр ва паҳншавии сирояти коронавируси навъи “COVID-19” намояндагони МИҲД-и шаҳри Истаравшан дар ҷойҳои сераҳолии шаҳр, нуқтаҳои фурӯши молу маҳсулот, дар кӯчаи марказӣ, нақлиётҳои мусофиркашон, мағозаҳо ва марказҳои хизматрасонӣ аксияи таблиғотию ташвиқотӣ гузаронид.

Ҷиҳати амалӣ намудани риояи тозагӣ ва гигиенаи шахсӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, зиёда аз 800 адад маводҳои иттилоотӣ байни аҳолии шаҳр тақсим карда шуд.

       Бояд хотиррасон кард, ки нисбат ба рӯзҳои пеш байни шаҳрвандони Истаравшан дарки муҳимияти риояи гигиенаи шахсӣ ва доштани ниқоби ҳимоя дуруст ба роҳ монда шудааст.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*