Ахбори сиёсӣ

 7 апрел дар шаҳри Истаравшан рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзӯи “Солимии миллат гавҳари бебаҳост” баргузор шуд.

Дар Ҷамоати деҳоти “Сабристон” ва Кумитаи маҳаллаи “Бобоҷон Ғафуров” бо иштироки намояндагони МИҲД-и вилояти Суғд Бӯтаева Мунаввара ва Ҳамдамова Ситора, сармутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоии аҳолӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Истаравшан Неъматов Ғайратулло ва корманди КАТС Сайфиддинова ва наздики 180 нафар сокинон доир шуд.
Инчунин худи ҳамин рӯз бо иштироки гурӯҳи тарғиботчиёни маҳаллӣ дар дигар Кумитаи маҳаллаҳо ва Ҷамоатҳои деҳот низ рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзӯи пешгирии бемориҳои сироятӣ баргузор шуд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*