АЁДАТИ 115 ОИЛАИ КАМБИЗОАТ, ПИРОНИ БАРҶОМОНДА ВА МАЪЮБОН ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР

АЁДАТИ 115 ОИЛАИ КАМБИЗОАТ, ПИРОНИ БАРҶОМОНДА ВА МАЪЮБОН ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР

Аёдати пирони барҷомонда, маъюбон ва камбизоатон дар арафаи иду айёмҳо ва хабар гирифтан аз ҳолу аҳволи онҳо яке аз сиёсатҳои иҷтимоии Ҳукумати мамлакат буда, ҳама сола тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа ғамхорӣ ва кумакҳои моддӣ расонида мешавад.

Вобаста ба ин дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода санаи 11 майи соли равон муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ ба муносибати арафаи иди саиди Фитр 115 оилаи камбизоат, пирони барҷомонда, маъюбон ва собиқадорони меҳнатро аёдат намуда, дар ин лаҳзаҳои фараҳбахшу шодмонӣ аз ҳолу аҳволи эшон хабар гирифтанд ва ба онҳо кумаки яквақтаи озуқаворӣ расониданд.
Зимни аёдат масъулин фарорасии иди саиди Фитрро ба ҳар як хонадон шодбош гуфта, ба онҳо саломатии бардавом, рӯзгори ободу осуда ва хонаи ободро таманно намуданд.
Аёдатшудагон аз амалҳои хайр ва ғамхории Пешвои миллат, раиси вилояти Суғд ва роҳбарияти шаҳр изҳори хушнудӣ карда, миннатдории самимии хешро баён намуданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*