БАРРАСИИ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ ВА ҲАЛЛИ МАСЪАЛА БАЪДИ 22 СОЛ

Нимаи дуюми 31 декабри соли ҷорӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба шаҳраки Ваҳдати деҳоти “Гули сурх” ташриф оварда, бо сокинони шаҳраки мазкур мулоқот намуд.

Дар оғози мулоқот раиси шаҳри Истаравшан доир ба самтҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуда, татбиқи амалии онро ҷиҳати таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ, рушди илму маориф, иқтисоди кишвар, механизми расидан ба ҳадафҳои дарпешистода, масъулиятшиносии ҷавонон ва вазифаҳо барои панҷсоли оянда муҳим арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати роҳнамо ва дастури созандаест, ки сокинони сарбаланди кишвари азизамонро ба сӯйи музаффарият ва зиндагии шоиста ҳидоят менамояд.

Дар идома, раиси шаҳр вобаста ба муроҷиати дастаҷамъонаи сокинони шаҳраки Ваҳдат, ки ҳамчун муҳоҷирони экологӣ аз деҳаи Вашанги ноҳияи Айнӣ шуруъ аз соли 2001 дар ин шаҳрак истиқомат доранд, масъалаи ҳуҷҷатгузории хонаҳои истиқоматиро дар ҳузури сокинон мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар асоси талаботи қонунгузорӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода қарори дахлдорро имзо карда, ба 126 оила ордери манзили истиқоматиро дар арафаи соли нав ҳадя намуд.

Бо ҳамин, муаммои ҳуҷҷатгузории хонаҳои сокинон, ки тӯли 22 сол идома дошт, ҳал гардида, қарори қабулнамудаи раиси шаҳри Истаравшан минбаъд барои хусусигардонии хонаҳо заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*