Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истаравшан 23.04.2021

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истаравшан 23.04.2021
Тибқи нақшаи тасдиқгардида санаи 23 апрели соли 2021 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 хониши сиёсӣ таҳти унвони “Ҷавонон , 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ ва манфиатҳои миллӣ ” бо иштироки мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истаравшан Ҳотамзода Аскар , раиси Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан , шоира Раънои Зоирдухт , шоири бачагона Валиҷон Акбарӣ , мудири бахши фарҳанги шаҳр Назарова Шаҳло ва аъзои ташкилоти ҷамъиятии маҳфили “ Пайравони Пешвои миллат ” Ўрунова Шоира байни хонандагони 14-18 сола ва волидайни онҳо баргузор гардид .
Зимни мулоқот яке аз масъалаҳои муҳими рӯзмарра, пешгирии ҷинояткорӣ байни ҷавонон ва шомилшавии онҳо ба гуруҳҳои ифротгароӣ , иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ” ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ мавриди таҳлил қарор дода шуд .
Дар рафти мулоқот шоирон чиҳати баланд бардоштани маърифатнокӣ ва саводнокии ҷавонон маслиҳатҳои муфидро ба толибилмон гуфта , аз эҷодиёти худ шеърҳои тозанашрро ба иштирокдорон қироат намуданд. Дар рафти маҳфил тарбиятгарони мактаби санъати шаҳри Истаравшан аз рӯйи навозандагӣ маҳорати худро нишон доданд .
Дар навбати худ хонандагони муассисаи мазкур , ки иштирокдорони озмуни “Фурӯғи субҳи доной китоб аст ” аз руйи номинатсияҳои гуногун баромад намуданд .
Мавриди қайд аст, ки оиди таҳлил ва таҳрезии шоҳбайтҳои шоирони классики тоҷик қироат карда шуда , байни толибилмон викторинаҳо доир карда шуд . Фаъолони маҳфил бо туҳфаҳои шоирон қадрдонӣ карда шуданд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*