БОЗДИДИ РОҲБАРИ ГУРУҲИ КОРӢ АЗ ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗӢ ВА МУЛОҚОТ БО ФУТБОЛБОЗОН

7 феврали соли ҷорӣ роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан, Раиси Суди конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан якҷо бо раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода аз вазъи кунунии Варзишгоҳи марказии шаҳр дидан намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар асоси супориши Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ чаманзори майдони варзишгоҳ бо ҷалби мутахассисон аз нав ҳамвор карда шуда, ба талаботи имруза мутобиқ гардонида шуд.

Инчунин, зиеда аз 700 метр ноқили чароғҳои равшанидиҳанда навсозӣ гардида, рӯзҳои наздик чароғҳои равшандеҳ аз хориҷа ворид карда мешаванд.

Сипас, бо шароити утоқҳои ивази либосҳо, тамрингоҳ, ҳаммом ва дигар инфрасохтори варзишгоҳ шинос шуданд.

Дар идома роҳбари гуруҳи корӣ Абдулҳафиз Ашурзода ва раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба истироҳатгоҳи “Баҳористон” рафта, бо мураббиен ва ҳайати клуби футболи “Истаравшан” мулоқот анҷом доданд.

Мавриди тазаккур аст, ки бо дастгирии молиявии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дастаи футболи “Истаравшан” шуруъ аз 6 феврали соли ҷорӣ барои анҷом додани тамрину машғулият дар истироҳатгоҳи “Баҳористон” қарор доранд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*