БОЗДИД АЗ ГАРМХОНАИ КДФ “ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ”

Бо мақсади омода намудани мавзеъҳои гулкории ҳудуди шаҳри Истаравшан иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр аз гармхонаи корхонаи давлатии фаръи “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” боздид ба амал овард.
Тибқи иттилои масъулин дар гармхонаи мазкур гулҳои гуногуни ороишӣ, аз ҷумла садбарг, ниҳолҳои дарахтони сояафкан парвариш карда шуда, алҳол 32 ҳазор қаламчаи гули садбарг барои шинонидан омода карда шудааст.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр зимни шиносоӣ аз фаъолияти гармхонаи мазкур, сатҳи корбарии масъулонро дар ин самт ғайриқаноатбахш арзёбӣ карда, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо, ба роҳ мондани парвариши навъҳои гуногуни гулҳои ороишӣ, мақсаднок истифода кардани заминҳои мавҷудаи гармхона ва саривақт омода намудани мавзеъҳои шаҳр ба мавсими гулшинонӣ супоришҳои дахлдор дод.
 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*