Суханронии Музаффар Ашӯров, Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар САҲА

Суханронии Музаффар Ашӯров, Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар САҲА

Ташаккур ба шумо, хонуми раис!

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи озодии ҷамъомадҳои осоишта ва озодии иттиҳодияҳои осоиштаро эътироф ва кафолат медиҳад. Аммо, таъсиси иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки бадбинии нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ё барои сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват мекунанд, манъ аст.

Дар Тоҷикистон ташкили ҳизби дорои хусусияти миллӣ ва динӣ, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлат ва ташкилотҳои хориҷӣ манъ аст. Бо мақсади иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти қонунигардонии даромадҳои ҷинояткорӣ ва маблағгузории терроризм ба қонун «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Он пешбурди феҳристи кӯмаки башардӯстонаро пешбинӣ мекунад, ки танҳо хислати огоҳӣ дорад. Инчунин, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ вазифадоранд, ки ҳамасола дар сайт ҳисоботи молиявӣ гузоранд. Бо мақсади муайян кардани шакли ҳисоботҳо, машваратҳо бо иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ гузаронида шуданд.

Дар хотима мехоҳам бигӯям, ки ҳангоми иҷрои тавсияҳои Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ масъалаи зарурати аз нав дида баромадани санадҳои меъёрӣ оид ба озодии ҷамъомад ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ баррасӣ карда шуд.

 

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*