Даври шаҳрии “Озмуни дастархонороӣ” баргузор гардид.

27 январи соли 2021 дар шаҳри Истаравшан ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” даври шаҳрии “Озмуни дастархонороӣ” баргузор гардид.
Дар озмуни мазкур бонувон бо маҳорати баланд ҳунари кадбонугии худро аз рӯйи шартҳои зерин:
– фарҳанги дастархонороӣ
– тарзи ҷобаҷогузории зарфҳо дар рӯи дастархон
– намоиши таомҳои миллии қадима
– муаррифии таомҳои миллӣ аз ҷониби иштирокчиён
– хуришҳо аз сабзавоту меваҳои ватанӣ
пешкаши ҳакамон намуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, маҳорати кадбонугии иштирокчиён аз рӯи сарфакорона ва моҳирона оростани дастархони зебо, риояи анъанаҳои миллӣ ҳангоми оростан ва ба замона мутобиқат намудани он баҳогузорӣ карда шуда, аз ҷониби иштирокчиён таомҳои миллӣ, аз қабили оши бурида, навъҳои мухталифи атола, нонҳои гуногуни танурӣ, самбӯса, шириниҳои гуногун, намудҳои меваи хушк, шарбату афшураҳои меваю сабзавот ва ғайра манзури ҳакамон гардид.
Ҳайати ҳакамон бо роҳбарии муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода, муовини роҳбари ҳакамон – сармутахассиси шӯъбаи кор бо занон ва оила Гавҳар Раҳимова ва котиби роҳбари ҳакамон – мудири бахши кор бо дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Хуршед Ҳакимов аз намоиши таомҳои миллӣ ва маҳорати иштирокчиён дидан намуда, ба фарҳанги дастархонороӣ ва истеъдоди ҳар яки онҳо баҳои баланд доданд.
Дар натиҷа ҷои аввал насиби бонувони моҳири ҷамоати деҳоти Ниҷонӣ, ҷои дуюм насиби дастархонороёни ҷамоати деҳоти Сабристон, ҷои сеюм насиби кадбонуҳои ҷамоати деҳоти Гули сурх ва ҷои чорум насиби кадбонуҳои ҷамоати деҳоти Зарҳалол гардид.
Дар ҷамъбаст муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода аз ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати занону бонувон ёдовар гардида, зикр намуд, ки дар шароити имрӯза аз ҷониби Ҳукумати мамлакат баҳри баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҷомеа ва дастгирии ташаббусҳои онҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Ҳамзамон муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба иштирокдорони озмун барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ баён намуда, дар фазои идона ғолибони озмун бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан
 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*