Дарҳои кушод дар қисми низоми

Бо мақсади мусоидат дар муташаккилона доир гаштани маъракаи даъвати тирамоҳии  ҷавонон  ба хизмати ҳарбӣ ва тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон  қисми низомии 0202-и шаҳри Истаравшан рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд, ки дар он зиёда аз 450 нафар ҷавонон –  толибилмони 20 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр, омӯзгорони омодагии дифои ҳарбӣ, аъзоёни фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок карданд.

Ҷорабиниро бо сухани ифтитоҳи роҳбарии намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Истаравшан  Шарифов Бобурҷон ҳусни оғоз бахшид.

Сипас дар назди иштирокчиён  мушовири Раёсати маорифи шаҳр оид ба корҳои ҳарбӣ Шарифов Донобой дар мавзӯи «Хизмат ба  Ватан қарзи ҷавонмардист» баромад кард.

Дар рафти чорабинӣ байни ҷавонон ва сарбозон сӯҳбати гарму самимӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ барпо гардид. Ҷавонон бо шароити зисти аскарон ва рафти хизмати онҳо аз наздик шинос гаштанд.

Баҳри болидахотирии сарбозон ва толибилмон аз ҷониби сарояндагони бахши фарҳанги МИҲД-и шаҳр сурудҳо сароида шуданд.

 «Мо, ҷавонон — хомиёни ин Ватанем»

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» таҳти чунин ном аксия роҳандозӣ намуд. Дар доираи ин иқдом дар ҚС КДАМ №0202 бо иштироки 450 нафар ҷавонон –  толибилмони 20 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр, омӯзгорони омодагии дифои ҳарбӣ ва аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» рӯзи дарҳои кушод ташкил гардид.

Мақсад аз ин иқдом мусоидат ба вусъати маъракаи даъвати тирамоҳии  ҷавонон  ба хизмати ҳарбӣ ва тарбияи ҳарбӣ -ватандӯстии ҷавонон  унвон мешавад.

Ҷавонон бо шароити зисти сарбозон шинос шуда, аз ҷараёни хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ шуданд.

Расмҳо аз баргузории чорабинӣ

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*