Интихобот дар шаҳри Истаравшан

1 март интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар шаҳри Истаравшан бо як маром ва шаффоф баргузор шуд. Масъулин барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ тадбирҳои заруриро андешиданд,ки дар
раванди интихобот тамоми шароити баробарро ҷиҳати рақобати солими сиёсӣ муҳаё намудааст.
Дар раванди интихобот яке аз марҳилаи ҳассос ва муҳим раванди иштирок ва раъйдиҳӣ ба номзадҳо мебошад. Ҳамин тавр, ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки дар ин маъракаи муҳимми сиёӣ фаъолона ширкат варзида, раъйи худро ба номзади арзандаи худ диҳанд ва дар рушди устувори минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиби худро гузоранд, зеро иштироки фаъоли шаҳрванд дар интихобот ва раъйи вай ояндаи рушди давлатро муайян мекунад.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*