Истиқболи варзишгар

Дар майдони Нишони шаҳри Истаравшан, чорабинии тантанавӣ баҳри истиқболи варзишгари истаравшанӣ дар намуди гӯштини юнонӣ-румӣ Шероз Очилов доир шуд.

Дар пешвози варзишгар иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода ва дигар намояндагони МИҲД-и шаҳр ва инчунин варзишгарон иштирок доштанд.

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ, ки аз 1 то 4 август дар шаҳри Софияи Болгария баргузор гардид аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 нафар варзишгари истаравшанӣ иштирок доштанд. Аз байни онҳо Шероз Очилов дар вазни 65 кг дар чор қувваозмоӣ чемпионҳои ҷаҳонро мағлуб намуда, ба қисми финалии мусобиқа роҳхат гирифт ва соҳиби медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон гардид.

 

Шавкат Ҳасанов, рӯзноманигор

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*