ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР ДЕҲАИ ҚАЛЪАИ БАЛАНД

Субҳи 31 январи соли ҷорӣ дар деҳаи Қалъаи баланди шаҳри Истаравшан бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Каримзода Мирзоқосим, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода ва теъдоди зиёди сокинон, махсусан наврасону ҷавонон майдончаи варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Майдончаи мазкур бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ Ҳайдаров Аҳмадхӯҷа ва Ҳасанов Фирдавс дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар ҷараёни сохтмони он ҳамарӯза аз 8 то 25 нафар шаҳрвандони маҳаллӣ бо ҷои кори мавсимӣ таъмин гардиданд. Майдончаи варзишӣ бо тарҳи муосир бунёд шуда, мутобиқ ба талабот ва меъёрҳои муқарраргардидаи соҳаи варзиш мебошад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур ҷавонону наврасони деҳаҳои Арғу ва Қалъаи баланд имкон пайдо намуданд, ки бо варзиш машғул шуда, дар як вақт мусобиқаҳои сатҳи гуногуни варзиширо доир намоянд.
 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*