Консерти “Шашмақом”

Имрӯз дар Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан ансамбли «Шашмақоми Истаравшан»-и бахши фарҳанги МИҲД  консерти ҳисоботии худро, дар сатҳи баланд баргузор намуд.
Дар барномаи консертӣ мақомсароёни истаравшанӣ Ш. Сангинов, Х. Абдураҳмонов, Л. Ҳоҷимуродов, А. Умаров, М. Бобоноров ва дигарон аз ғазалҳои Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Кошифӣ, Туғрал ва Лоиқ бо маҳорати баланд таронаҳо сароида аҳли нишастро болидахотир намуданд.
“Шашмақом”, маҷмўи оҳангу таронаҳои силсилавии халқи тоҷик аст,ки дар низоми ягонаи шаклбандӣ мураттаб гардидаанд. Силсилаи мақомҳо, ки то замони мо бо номи “Шашмақом”омада расидаанд, таърихи зиёда аз ҳазорсола дошта, аз мақомҳои “Бузрук”, ”Рост”, ”Наво”, ”Дугоҳ”, ”Сегоҳ”, ”Ироқ”иборат аст.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*