Лавҳагузорӣ дар манзили иштирокчии ҶБВ

Гузоштани лавҳаи ёдгорӣ дар манзили иштирокчиёни ҶБВ ба ҳукми анъана даромадааст. Чунки хизмати ин мардони далер ва шуҷоъ дар ҷанги мудҳиши хонумонсӯзи солҳои 1941-1945 дар Ғалабаи халқи шӯравӣ аз болои фашизм арзанда мебошад
Дар деҳаи Яккабоғи Ҷамоати деҳоти Пошкент маросими лавҳагузорӣ дар манзили истиқоматии иштирокчии ҶБВ Обидов Акрам бо иштироки намояндагони МИҲД-и шаҳр, кормандони ҷамоат, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, Шӯрои куҳансолон ва пайвандон доир шуд.
Сармутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Истаравшан Ғайратулло Неъматов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Абдуваҳҳоб Қаюмов, раиси Шӯрои куҳансолони шаҳр Шарифҷон Гадойбоев, намояндагони ҷамоати деҳоти Пошкент Ортуқов Сулаймон ва Султонов Нуриддин оиди корнамоиҳои Обидов Акрам суханҳои нек гуфтанд.
Қайд шуд, ки Обидов Акрам соли 1922 дар деҳаи Яккабоғ таваллуд шуда, соли 1942 ба сафи Армияи Сурх сафарбар гардида, далериву шуҷоат нишон додааст. Ӯ ба гирифтани ордени Шараф дараҷаи 3-юм сазовор гардидааст. Аз ҷанг бо сари баланд бо ордену медалҳои зиёд ба Ватан баргаштааст.
Инчунин қайд шуд, ки дар манзили 10 иштирокчии ҶБВ Ҷамоати деҳоти мазкур низ лавҳаи ёдгорӣ насб карда мешавад.



Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*