Маросими савгандёдкунии навдаъватшудагон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Субҳи 2 декабри соли 2020 дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии 0202-и КДАМ ҶТ дар шаҳри Истаравшан маросими савгандёдкунии навдаъватшудагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода иштирок ва суханронӣ намуд. Дар чорабинии мазкур роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, комиссари ҳарбӣ, ҷавонони фаъол ва волидони навдаъватшудагон иштирок доштанд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода зимни суханронии хеш зикр намуд, ки таъмини фазои орому осудаи Ватан, амнияти ҷомеа аз муҳимтарин вазифаҳои давлат маҳсуб ёфта, вобаста ба он таълиму тарбия ва руҳану ҷисман омода намудани ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат беш аз пеш аҳамияти муҳим пайдо менамояд. – Боварии комил дорам, ки хизматчиёни ҳарбӣ бо хизмати садоқатмандонаю бошарафона ба Ватан дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ саҳм гузошта, дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сарбаландона иҷро карда, марзҳои Ватани азизамонро ҳимоя менамоянд ва иқтидори мудофиавии мамлакатро густариш мебахшанд, – таъкид кард Адҳам Маъмурзода.
 
Дар охир барои навдаъватшудагон дастархони идона ороста шуда, барномаи рангини консертӣ пешниҳод гардид. Ҳамзамон, ба китобхонаи Қисми низомии мазкур китоби “Тоҷикон” – и академик Бобоҷон Ғафуров ва “Ёддоштҳо” – и Садриддин Айнӣ тақдим карда шуд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*