МАҲСУЛИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМИИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН БА ТАВРИ “on-line” БА ФУРӮШ ГУЗОШТА ШУД (khmi.tj)

Муассисаи давлатии “Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии Истаравшан” бо дастгирии БРСММ сомонаи расмии худро фаъол намуд.

Дар сомона ҳамаи маълумоту хабарҳо ва дастовардҳои ҳайати омӯзгорону донишҷӯени коллеҷ ҷойгир гардида, ҳамзамон оид ба ихтисосу курсҳои кутоҳмуддати амалкунанда маълумоти васеъ ҷойгир гардидааст.

Мавриди тазаккур аст, ки минбаъд маҳсули меҳнати ҳунармандону шогирдони коллеҷи мазкур тавассути ин сомона тариқи “on-line” ба фуруш гузошта шуда, аз тамоми гушаву канори олам харидорӣ карда мешаванд.

Суроғаи сомонаи Муассисаи давлатии “Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии Истаравшан”: khmi.tj

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*