Маҷлиси васеи назди и.в. раиси шаҳри Истаравшан

Нимаи дуюми 18 ноябри соли 2020 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ҷаласаи васеи назди и.в. раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода доир гардид.

Дар ҷаласа вазъи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар даҳ моҳи соли 2020, ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сатҳи омодагии муассисаҳои иҷтимоӣ ба мавсими зимистон, инчунин рафти амалишавии нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*