МАҶЛИСИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

МАҶЛИСИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН
Субҳи 12 апрели соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷлиси назоратии назди раиси шаҳри Истаравшан бо иштироки роҳбарият ва масъулини воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳот ва кумитаи маҳаллаҳо, намояндагони васоити ахбори оммаи шаҳр, роҳбарони самтҳои тандурустӣ, фарҳанг, нигоҳдории роҳ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва обтаъминкунӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа масъалаҳо доир ба натиҷагирӣ аз сафари Пешвои муаззами миллат ба шаҳри Истаравшан ва иштирок дар маҷлиси фаъолони вилоят, рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо ба муносибати 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ, тақвияти корҳо дар самти кишоварзӣ аз ҷумла ниҳолшинонӣ, омодагиҳо ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи даъвати навбатии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, иҷрои стратегияву барномаҳо ва нақшаҳои қабулшуда, камбудиву норасоиҳо ва мушкилоту масъалаҳои дар соҳаҳои мухталифи шаҳр ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли он мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд.
Нахуст раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода барои саҳми арзанда гузоштан дар истиқболи сазовори меҳмонони олиқадр ба масъулин миннатдории самимии хешро баён намуд. Сипас дастуру супоришҳое, ки дар машварати кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ироа гардид, ба самъи ҳозирин расонида шуда, нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар ду моҳи соли 2021 натиҷагирӣ карда шуд.
Ҳамзамон ҷиҳати баррасӣ ва таҳлили масъалаҳои рӯзномаи маҷлис аз масъулини соҳа пурсиш ба амал оварда шуда, ба ҳамаи масъулини соҳа ва фаъолони шаҳр вобаста ба таъмини иҷрои саривақтии нақша чорабиниҳо доир ба сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан дар масъалаи бунёди корхонаҳои хурду бузург, сохтмони муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва дигар иншоотҳои ҷашнӣ, мумфарш намудани роҳҳо, бунёди боғу гулгаштҳо, мунтазам баргузории корҳои ободонӣ ва инчунин ҳар чи бештар ҷалб намудани тарбиягирандагону хонандагон ва омўзгорон барои иштирок дар озмунҳои “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурўғи маърифат” ва “Тоҷикистон-ватани азизи ман” дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан
  

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*