МУЛОҚОТИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН БО ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБИИ МАРКАЗИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 15 апрели соли ҷорӣ дар толори қасри ҷавонони шаҳри Хуҷанд ба номи “Лоиқ Шералӣ” мулоқоти раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо зиёда аз 600 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии маркази вилояти Суғд доир гардид.
Мулоқот бо сухаронии раиси шаҳр оғоз гардида, нахуст ба донишҷӯён, ки ҳама зодагони шаҳри Истаравшан мебошанд, доир ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, дастоварду пешравиҳо, имкониятҳои мавҷуда ва нақшаву стратегиҳои дарназардошта шуда иттилоъ дода шуд.
Дар ин замина, Истиқлолият, сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, ҳифзи марзу буми Ватан аз арзишҳои муҳим арзёбӣ гардида, бо ёдоварӣ аз таърихи истиқлолияти кишвар, сабабу омилҳои ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ, саркардагони он, ҳадафҳои ғаразноки гуруҳҳои манфиатхоҳу иртиҷоӣ аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки нисбати ин неъматҳои бебаҳо бетараф набошанд ва барои ҳифзи онҳо ҳамеша тадбирҳо андешанд.
Раиси шаҳри Истаравшан дар суханронии хеш махсусан заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди аз байн бурдани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, овардани гурезагон, барқарор кардани сулҳу субот ва минбаъд ба роҳ мондани рушди бомайлони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мисолҳои возеҳу равшан нақл намуд.
Зимнан, ҷавононро бо такя ба гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат барои азхуд кардани илму дониш, ҳамчун мутахассиси сатҳи баланд ба воя расидан, саҳмгузор гардидан барои боз ҳам пешрафт гардидани соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ даъват намуд.
Дар идомаи мулоқот магистрону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҳудуди шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла Худоёр Бобозода, Гулбаҳор Умарова, Зарнигор Исоева, Зевара Нуъмонова, Руслани Эҳром, Сардор Аюбов, Комронбек Муҳаммадиев, Ҷасур Аҳмадҷонов, Насим Турсунов, Диловар Махкамов, Муродҷони Зоир ва Нигора Шерова баромад карда, нахуст барои муҳайё кардани шароити хуби таҳсил миннатдории хешро ба Пешвои миллат изҳор доштанд ва ба раиси шаҳри Истаравшан таклифу пешниҳодҳои мушаххас манзур ва масъалаҳои ҳалталабро ба миён гузоштанд.
Дар ҷамъбаст ба 300 нафар донишҷӯёне, ки ятими кул, нимятим, аз оилаи камбизоат ва аълохон ҳастанд, кӯмакпулии яквақта супорида шуда, инчунин ба 3 нафар иштирокчиёни фаъоли мулоқот китоби тозанашри “Донишномаи Истаравшан” тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

               

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*