МУЛОҚОТИ СУДМАНД ДАР МАВЗӮИ “ПАЁМ РОҲНАМОИ МОСТ!”

4 январи соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан таҳти раёсати раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умаров Абдуҷаббор ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзӯи “Паём-роҳнамои мост!” мулоқоти судманд бо фаъолон баргузор гардид.

Дар мулоқот муовинони раиси шаҳр, дастгоҳи раиси шаҳр, кормандони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоятӣ, шаҳрӣ, собиқадорони меҳнат, раисони ҷамоатҳои деҳот, кумитаи маҳаллаҳо, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, муассисаҳои таълимӣ, зиёиён, ҷавонон ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода мулоқотро оғоз намуда, доир ба самтҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша кард ва татбиқи амалии онро ҷиҳати таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ, рушди илму маориф, иқтисоди кишвар, механизми расидан ба ҳадафҳои дарпешистода, масъулиятшиносии ҷавонон ва вазифаҳо барои панҷсоли оянда муҳим арзёбӣ намуд.
Таъкид гардид, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати роҳнамо ва дастури созандаест, ки сокинони сарбаланди кишвари азизамонро ба сӯйи музаффарият ва зиндагии шоиста ҳидоят менамояд.
Дар идома вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умаров Абдуҷаббор баромад карда, зимни ташреҳи нуктаҳои муҳими Паёми Сарвари давлат зикр дошт, ки Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 21 декабри соли 2021 ироа гардид, фарогири тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар буда, он ҳамчун як ҳуҷҷати муҳим ва роҳнамои зиндагии ҳар фарди кишвар ба ҳисоб меравад.
Бо назардошти ин дар асоси нақшаи тарҳрезинамудаи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоят омӯзиши Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ба роҳ монда шуда, дар шаҳру навоҳӣ мулоқоту вохӯриҳо бо сокинон баргузор гардида истодааст. Бо ёдоварӣ аз нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шуд, ки новобаста аз вазъи мураккаби ҷаҳон дар соли 2021 дар Тоҷикистон соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ рушд намуда, дастовардҳо афзун гардиданд.
Ҳамзамон, раиси шаҳри Истаравшан бо назардошти имконот ва зарфиятҳои шаҳр ба масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои дар Паём ироагардида, таъмини рушди соҳаи саноат, ташкили корхонаҳои нав, истифодаи самараноки замин, бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ ва дастгирии ятимону ниёзмандон вазифагузориҳои мушаххас намуд.
Дар мулоқот фаъолон аз ҷумла, намояндагони самти саноат Исоқов Саидбурҳон, самти тандурустӣ Раҳматова Мӯътабар, самти маориф Нӯъмонова Мавҷуда ва намояндаи ҷавонон, гирандаи стипендияи Президентӣ Маҳмудӣ Париноз суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки Паёми Президенти мамлакатро сармашқи кору фаъолит қарор дода, барои амалӣ гардидани супоришҳои дар Паём зикршуда кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

            

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*