МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ БАХШИ ДИН, МНДСЭ ВА ИМОМХАТИБОНИ МАСҶИДҲОИ ҲУДУДИ ШАҲРУ ДЕҲОТИ ИСТАРАВШАН

Дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 2021 баргузории ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла намозҳои ҷумъа дар масҷидҳо бо риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштии шахсию чамъиятӣ иҷозат дода шуд.
Бо ин мақсад субҳи 1 феврал дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр бо намояндагони бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, инчунин имомхатибони масҷидҳои ҳудуди шаҳру деҳоти Истаравшан доир гардид.
Дар мулоқот нахуст вобаста ба масъалаҳои рияои ҳатмии қоидаҳои беҳдошт, аз ҷумла риояи масофаи иҷтимоӣ, истифодаи ниқобҳои яккарата, маҳлулҳои безараргардонӣ, таъмини тозагии масҷидҳо, махсусан ташнобҳо таъкид карда шуда, дар ин бобат тавсияҳои мутахассисон пешниҳод гардид.
Зимни мулоқот, ҳамзамон доир ба масъалаҳои муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи насли наврас, махсусан ҳидоят кардан ба илмомӯзӣ, китобхонӣ, соҳибкасб шудан, инчунин андешидани тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ роҷеъ ба пешгирӣ кардан аз ҳолатҳои худкушӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, никоҳи ғайриқонунӣ, вайроншавии оилаҳо, саҳмгузорӣ дар ободониву созандагии шаҳру деҳот, бунёд кардани муассисаҳои таълимию варзишӣ, ба мардум расонидани мавзуъҳо вобаста ба тозагии гирду атроф, ҷуйборҳо, маҳаллаҳо, мақсаднок истифода кардани замин, оғози мавсими кишту кор ва дигар масъалаҳои дахлдор андешаҳо баён карда шуданд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*