Озмуни вилоятии “Нон шудам,шоистаи хар хон шудам”

24 март дар Боғи Камоли Хуҷандӣ озмуни вилоятии “Нон шудам, шоистаи хар хон шудам”, Иди картошка ва асал бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ба Боғи Камоли Хуҷандӣ ташриф оварда, дар Иди асал, нон ва картошка иштирок намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши дастовардҳои сокинони 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ва ҳунари намояндагони аҳли фарҳанги вилоят шинос шуданд.
Дар Иди асал, нон ва картошка сокинони шарафманди вилояти Суғд маҳсули дастранҷи худро бо ороишоти гуногун ба намоиш гузоштанд, ки хеле дилкаш ва бошукуҳ буд. Дар озмуни мазкур аз шахри Истаравшан тибки Низомнома нонпази бехтарин, бонувони хунарманд ва дастаи карнайнавозону дойрадастон ширкат варзиданд.
Дар озмуни “Нон шудам,шоистаи хар хон шудам” нонпаз Иброхимова Мархабо ғолиб гардида бо диплом ва мукофотпулӣ ба маблағи 1000 сомонӣ сарфароз гардид.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*