Рӯзи нақлиётчиён

Бахшида ба Рӯзи нақлиётчиён, дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, таҳти раёсати муовини раиси шаҳр Фирӯз Ҳакимзода чорабинии тантанавӣ  бо иштироки кормандони соҳаи нақлиёт, ронандагон, маъмурияти муассисаҳои нақлиёти боркашон ва мусофиркашони шаҳр, ва кормандони ШБДА дар шаҳри Истаравшан баргузор гардид.
Ф. Ҳакимзода тамоми нақлиётчиёнро аз номи раиси шаҳр Амирхон Қурбонзода табрик намуда, зикр кард, ки «Соҳаи нақлиёт яке аз самтҳои афзалиятноки хоҷагии халқ маҳсуб ёфта, рушди кулли соҳаҳо ва набзи шаҳрдорӣ бо фаъолияти нақлиётчиён алоқаманд аст.
Дар рафти маҷлис ба якқатор намояндагони ширкатҳои нақлиётӣ, ронандагон ва кормандони БДА сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии раиси шаҳр тақдим карда шуд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*