Рӯзи ҷаҳонии “Пешгирии савдои одамон”

Тибқи нақшаи миллӣ оид ба Муқовимат бо савдои одамон дар солҳои 2019-2021 бахши Хадамоти муҳоҷират ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД, шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Истаравшан дар ҳамкорӣ бо шарикони иҷтимоии шабакаи Ташкилоти ҷамъиятии “Умед”, маъракаи иттилоотӣ оид ба муҳоҷирати бехатар ва пешгирии савдои одамонро бахшида ба рӯзи ҷаҳонии “Пешгирии савдои одамон”, ки ҳамасола 30 июл таҷлил мегардад, баргузор намуд. Дар маърака варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд, ки дар он маълумот оиди хариду фурӯши инсон, ҳуқуқҳои коргар, меҳнати маҷбурӣ, ҷалби кӯдакон ба меҳнат ва ҷазоҳои дар қонун пешбинишуда ба таври васеъ инъикос шудааст. Ҳамзамон аз ҷониби волонтёрон варақаҳои тарғиботӣ оиди пешгирии паҳншавии бемории сироятии “Covid-19” тақсим карда шуд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» амал намуда, қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба савдои  одамон, системаи чораҳо оид ба ҳифз, расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ва тавонбахшии онҳоро муқаррар карда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон танзим менамояд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*