САҲМГУЗОРӢ ДАР ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА

САҲМГУЗОРӢ ДАР ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА

Субҳи 12 сентябри соли 2021 дар заминаи иҷрои супоришҳои раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода беш аз 300 нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дигар ташкилоту муассисаҳо бо роҳбарии раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода барои кӯмак дар ҷамъоварии ҳосили пахтаи соли 2021 ба ноҳияи Зафаробод рафтанд.
Дар давоми рӯз ҳашарчиён барои ҷамъоварии ҳосили пахта дар хоҷагии ёрирасони Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ёрии амалии худро ба пахтакорони ноҳия расонида, беш аз 6 тонна пахта ҷамъоварӣ карданд ва саҳми хешро ба хирмани тиллои сафеди давлат гузоштанд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

\      

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*