ТАШКИЛИ ДАСТУРХОНИ ИДОНА БАРОИ САРБОЗОН ВА БОЗДИД АЗ ҚИСМҲОИ НИЗОМИИ ҲУДУДИ ШАҲР

Субҳи 31 декабри соли 2023 дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади табрикот бахшида ба Соли нави мелодӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр ташриф оварда, афсарону сарбозонро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода табрику таҳният намуд.

Таъкид гардид, ки бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва сиёсати неку ояндасози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъминоти моддию техникӣ ва шароити хизмати афсарону сарбозон беҳтар карда шуда, Артиши кишвар баробари муҷаҳҳазгардонӣ бо техникаю муҳимоти ҷангии муосир ба як ниҳоди пурқувват мубаддал гардид. Хизматчиёни ҳарбӣ бо хизмати садоқатмандонаю бошарафона ба Ватан дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ саҳм гузошта, дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сарбаландона иҷро менамоянд ва марзҳои Ватани азизамонро ҳимоя мекунанд.

Зимни боздид ба қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр ба муносибати Соли нави мелодӣ аз ҷониби раиси шаҳри Истаравшан тӯҳфаҳои идона тақдим гардида, барои оростани дастурхони идона маводҳои озуқаворӣ расонида шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*