ШАНБЕГИИ УМУМИШАҲРӢ БА МУНОСИБАТИ ПЕШВОЗИ 29-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

5-уми сентябр бо роҳбарии МИҲД-и шаҳри Истаравшан тибқи нақшаи ситоди умумишаҳрӣ оид ба ободонӣ ва тозагии маҳал дар ҳудуди шаҳру деҳоти Истаравшан шанбегии мутташаккилона баргузор гардид, ки дар он зиëда аз 100 тонна партовҳои гуногуни маишӣ ба партовгоҳи беруназшаҳрӣ бароварда шуда, зиëда аз 20 тонна партовҳои сохтмонӣ ба мавзеъҳои сохтмоншаванда ворид карда шуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин чорабинӣ кормандони Раëсати маориф дар ҳамбастагӣ бо муассисаҳои таълимии шаҳр, шуъбаи корҳои дохилӣ, комиссириати ҳарбӣ, бахши фарҳанг, ЛКТ #14, коллеҷи тиббии шаҳр, КАТС #2, кумитаи маҳаллаи “Зафар”, “Навобод”, “Лоҳутӣ”, “О. Лутфӣ”, “Бобоҷон Ғафуров”, “Дилшоди Барно”, кормандони КДФХМК, МДНРА, МНДСЭ ва ҳифзи муҳити зист фаъолона иштирок намуда, баҳри тозаву озода намудани ҳудуди шаҳри бостониамон ва симои идона бахшидан саҳми арзандаи худро гузоштанд.

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*