Шиносоии и.в. раиси шаҳри Истаравшан аз вазъи омодагии КДФ “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва МД “Назорати роҳҳои автомобилгард”-и шаҳри Истаравшан ба мавсими зимистон

29 ноябри соли ҷорӣ и.в. раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода аз вазъи омодагии КДФ “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва МД “Назорати роҳҳои автомобилгард”-и шаҳри Истаравшан ба мавсими зимистон аз наздик шинос шуд.
Бориши охирини барф нишон дод, ки ниҳодҳои мазкур дар мавсими зимистон дар сатҳи зарурӣ омода набуда, техникаҳо дар ҳолати омодабош қарор надоранд. Аз ин лиҳоз ба роҳбарони муассисаҳои дахлдор ва масъулин ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва бартараф кардани мушкилот, аз ҷумла захира намудани маводҳои зиддилағжиш, сӯзишворӣ ва пурра ба ҳолати омодабош даровардани техникаҳои ёрирасон супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*