Шиносоии и.в. раиси шаҳри Истаравшан аз ҷараёни корҳои сохтмонии сардхона воқеъ дар ҷамоати деҳоти Пошкент

Санаи 24 ноябри соли ҷорӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода аз ҷараёни корҳои сохтмонии сардхона воқеъ дар ҷамоати деҳоти Пошкент шинос шуд.

Иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд мегардад ва барои нигоҳдории зиёда аз 800 тонна маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ пешбинӣ шудааст.
Инчунин иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода аз вазъи фаъолияти гармхонаи замонавӣ воқеъ дар ҷамоати деҳоти Зарҳалол боздид намуда, ба сифати бунёди гармхонаи мазкур, ки бо назардошти меъёрҳои муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, баҳои баланд дод. Қайд гардид, ки баробари қонеъсозии талаботи бозори дохилӣ, ҳамчунин имкон ҳаст истеҳсоли маҳсулот ба содирот нигаронида шавад. Соҳибкор тасмим гирифтааст, ки теъдоди гамрхонаҳаро зиёд намуда, роҳандозии усулҳои нави парвариши маҳсулоти кишоварзиро, аз ҷумла таъсиси боғи суперинтенсивирр ба роҳ монад.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода ба масъулин дастур дод, ки ба хотири таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ҳамаи чораҳои заруриро дар ин самт андешида, барои зиёд кардани ҷойи корӣ иқдомҳои навро роҳандозӣ намоянд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*