ШИНОСОИИ И.В. РАИСИ ШАҲР АЗ ҶАМОАТҲОИ ДЕҲОТИ “ҶАВКАНДАК” ВА “ҚАЛЪАИ БАЛАНД”

30 январи соли ҷорӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода дар доираи нақшаи корӣ аз ҷамоатҳои деҳоти “Ҷавкандак” ва “Қалъаи баланд” боздид ба амал оварда, бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии деҳоти мазкур шинос шуд.
Ҷамоати деҳоти “Ҷавкандак” 13252 нафар аҳолӣ дошта, дар ҳудуди деҳот 6 деҳа, 224 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд мебошад.
Дар ҷамоати деҳоти “Қалъаи баланд” 10260 нафар аҳолӣ истиқомат дошта, 2 деҳа, 663 хоҷагиҳои деҳқонӣ мавҷуд аст.
Сокинони деҳоти зикршуда асосан ба кишоварзӣ машғул буда, барои таъмини бозори шаҳри Истарвашан ва дигар минтақаҳои кишвар бо маҳсулоти кишоварзӣ саҳми онҳо назаррас мебошад.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*