Ширкати «Автошина»-и шаҳри Истаравшан

 

 

 

 

 

Бо мақсади аз наздик шиносойӣ пайдо намудан бо корхонаҳои истеҳсолии шаҳр, муовини якуми раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода, муовини раиси шаҳри Истаравшан Содиқ Мирсаидӣ ва мудири шӯъбаи саноати МИҲД-и шаҳр Мавҷиддин Пӯлотов, ба ширкати «Автошина»-и шаҳр ташриф оварда аз фаъолияти кории ин корхона аз наздик дидан намуданд.

Маълум гардид, ки ширкати мазкур соли 2018 аз ҷониби соҳибкор Ҳотамов Илёс сохта шуда, зиёда аз 40 намуд молҳоро аз қабили бозичаҳои бачагона ва таҷҳизоти рӯзгорро истеҳсол намуда, 40 нафар ҷойи кориро муҳайё намудааст. Дар соли равон, барои зиёд гардонидани иқтидори корӣ, ба маблағи зиёда аз 500,000 сомонӣ таҷҳизоти наверо ворид намудааст. Инчунин дар назди корхона барои захираи ашё биное бунёд шуда истодааст. Муовини раиси вилоят барои зиёдтар намудани коргарони кироя ва ҳаҷми истеҳсолот маслиҳатҳои худро пешниҳод намуд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*