ЯРМАРКА-ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ВА САНОАТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

30 декабри соли ҷорӣ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, мусоидат дар таъмини захираи маҳсулот аз тарафи аҳолӣ, дастрасии мардум ба маҳсулоти хушсифати озуқаворӣ ва ғанӣ намудани хони солинавии сокинони шаҳр дар гардиши маркази дандонпизишкии шаҳр ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ баргузор гардид.

Дар ярмарка-фурӯш ба миқдори зарурӣ маҳсулоти кишоварзию саноатӣ пешкаши сокинон гардонида шуда, аз ҷониби деҳқонон маҳсулотҳои гуногуни озуқаворӣ аз ҷумла, картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ, меваҳои гуногун, равған, консерва, гўшти гов, гусфанд, паранда, моҳӣ, орд, намак, шакар, тухм, асал, маҳсулоти нониву гуштӣ ва ғайраҳо бо нархҳои нисбатан арзон ба фурӯш гузошта шуд.

Субҳи имруз раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода аз ярмаркаи мазкур боздид намуда, ба кишоварзон ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр минбаъд низ ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани ярмаркаи маҳсулотҳои кишоварзӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод ва махсусан қайд намуд, ки ҷиҳати боло нарафтани нархи маҳсулоти пешниҳодшаванда ба мардум мунтазам зери назорат қарор дода шавад.

Сокинони шаҳр аз ин фаровонии ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ изҳори хушнудӣ намуда, ба ташкилкунандагони он миннатдории хешро баён доштанд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*